image

Боздиди Раиси шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Владимир Кухарев аз "Кохи Наврӯз"

date_range12.10.2022, 12:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye291

Дар доираи сафари худ ба шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Владимир Кухарев аз иншооти фарҳангиву фароғатии шаҳр боздид намуд. Дар ин замина ҳайати меҳмонон бо раҳбарии Раиси шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Владимир Кухарев аз "Кохи Наврӯз" дидан намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ин кох аз мавзеъҳои зебо ва боҳашамати шаҳр ба ҳисоб рафта, дорои толорҳои зебову мунаққаш мебошад. Меҳмонон баъди боздид ва огоҳ шудан аз шоҳкорҳои санъати меъморӣ ба бунёдкорони он баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки "Кохи Наврӯз" дар замина дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст. Дар ин маркази шукӯҳманд ҳамзамон чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсӣ, аз қабили ҷаласаҳои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё гузаронида мешавад.

.