image

Раиси шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Владимир Кухарев аз майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дидан намуд

date_range12.10.2022, 12:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye276

Дар шаҳри Душанбе иншооти тозабунёд - Майдони Истиқлол яке аз марказҳои фарҳангӣ ва зебову сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Раиси шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Владимир Кухарев ва ҳайати ҳамроҳаш аз ин иншооти зебову назаррабо низ дидан намуданд.

Ҳоло барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон беҳтарин шароит дар майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” фароҳам шудааст. Дар иншоот осорхона низ фаъол аст, ки меҳмонон тавассути он бо таърихи халқи тоҷик ва марҳалаҳои рушду ташаккули шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки Майдони Истиқлол яке аз дастовардҳои назаррас ба ҳисоб меравад ва ба шароиту имкониятҳо он шардори Минск баҳои баланд дод.