image

Шиносоии меҳмонон ва намояндагони ВАО-и Ӯзбекистон аз фаъолияти якчанд муассисаҳо ва Боғи «Алишер Навоӣ»-и шаҳри Душанбе

date_range14.10.2022, 21:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye292

Ҳайати меҳмонон ва намояндагони васоити ахбори оммаи Ӯзбекистон аз шароити корӣ ва фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ошно гардиданд. 

Зимни шиносоӣ ба иштирокчиён иттилоъ дода шуд, ки оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд аст. Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллист. «Ҳуқуқи бошараф» аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар «Тоҷиккино» мебошад. Аз ин хотир таъсиси воқеии кинои касбии тоҷикро бояд аз он давра ба ҳисоб гирифт. 18 майи соли 1930 трести истеҳсоли филми «Тоҷиккино» ё, ба истилоҳи дигар, киностудияи миллӣ таъсис ёфт. 

Ба ҳайати рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки айни замон кормандони муассисаи ба омода намудани саҳнаҳои филми бадеии Ҷомӣ ва Навоӣ машғул мебошанд.

Сипас, дар толори ба номи Тоҳир Собирови муассиса ҳайати меҳмонон ва кормандони Тоҷикфилм бо ҳам мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон атрофи ҳамкориҳои густурдаи тарафайн миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти ҳамкорӣ миёни кормандони васоити ахбори омма андешаҳои худро баён доштанд. Дар ин доира ба ҳайати меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти муассисаи давлатии Тоҷикфилм тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. 

Дар идомаи боздид баҳри тамоми иштирокчиён дирузу имрӯзи кинои тоҷик тавассути лавҳаи видеоӣ намоиш дода шуда, ҳамзамон бо ин раванди омодагии масъулин, интихоби ҳунармандон аз ҳар ду ҷониб, саҳнаҳои асосии банаворгирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ва дигар ҳунармандони хориҷӣ дар филми Ҷомӣ ва Навоӣ ба иштирокчиён иттилоъ дода шуд.

Дар идома ҳайати журналистон аз Муассисаи давлатии Телевизиони Варзиш дидан карданд.  Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» 1 марти соли 2016, дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намудааст.

ТВ «Варзиш» дар тӯли фаъолияти худ барои бинандагон барномаҳои баландмазмуни варзишӣ таҳия намуда, чорабиниҳои мухталифи варзишӣ, мусобиқа ва чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пешкаши бинандагон гардонидааст. Яке аз ҳадафҳои таъсиси Телевизиони Варзиш тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мебошад. Тариқи инъикоси мусобиқоти варзишии дохилӣ  ва байналмилалӣ, барномаҳои махсуси худ вобаста ба мавзӯъҳои гуногуни варзишӣ бо забони тоҷикӣ дар ин раванд саҳмгузор мебошанд. Ҳарчанд ибтидои кор бе камбудӣ набуд, вале бо мурури замон он ҷавононе, ки нав ба кор омада буданду мустақиман паси микрофон нишаста, раванди мусобиқаҳоро шарҳ медоданд, таҷриба андӯхтанд.  

Иштирокчиёни сафар ба Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» ташриф оварданд. Боғи мазкур дар кучаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст. Муҷассамаи шоирон чун рамзи маърифат дар болои ҳафт зина сохта шуда, он лаҳзаи муҳокимаи асари тозаэҷоди Алишер Навоиро бо устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ таҷассум мекунад. Дар ин боғ дарахтони ороишиву ҳамешасабз ва ҳамчунин дорои гулу буттаҳои рангоранг мебошад.  

Дар идома ҳайати меҳмонон дар толори Академияи васоити хабори оммаи Тоҷикистон бо роҳбарони шабакаҳои телевизионию радиоӣ, собиқадорони соҳа, рӯзноманигорон ва устодону донишҷӯёни риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Дар Академияи Васоити Ахбори Омма шуъбаҳои телевизион ва радио, нашриёти даврӣ, технологияҳои иттилоотӣ, омӯзиши компютер ва ороиши дизайнерӣ амал мекунад ва бозомӯзии кормандони соҳа асосан дар ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки мавриди таваҷҷӯҳ қарор дорад. Коршиносони соҳа ва дигар масъулин низ зимни мулоқот суханронӣ намуда, ҳамкории зич ва сатҳи баланди намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар муносибат ва ҳамкории хуби роҳбарони ду кишвар маънидод намуданд.