image

Таҷлили Иди Меҳргон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range14.10.2022, 22:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye341

Таҷлили Иди Меҳргон имрӯзҳо дар тамоми муассисаву корхонаҳои гуногун идома дорад.

Зимнан дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ  бахшида ба Иди Меҳргон чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Дар ин тадбир донишҷӯёни ин муассисаи олӣ намоиши маҳсулоти кишоварзиро ташкил намуданд. Инҷо дар гӯшаи намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шудааст. Бале. На дар ягон хоҷагии деҳқонӣ ва ё навоҳии кишоварзии мамлакат, балки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Масъулин бо ташкили ин тадбир ва чорабиниҳои дигари маърифатӣ аз Иди Меҳргон таҷлили шоиста намуданд.           

Ҷойи таъкид аст, ки меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, аёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

Меҳргон яке аз калонтарин ҷашнҳои мардуми Ориёнажод буда, дар гузашта онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ё ин ки дӯстиву муҳаббат ва оини меҳрпарастӣ мебошад.

Масъулини донишгоҳ зимни баромади худ доир ба аҳамияти ин ҷашн ва арзиши он баромад карда афзуданд, ки чанд соли охираст, ки дар Тоҷикистон ҳамасола ҷашни Меҳргон дар пайванди Истиқлолияти кишвар  моҳи октябр таҷлил мегардад. Дар тамоми бозорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳою шаҳракҳо мардум дастовардҳои кишоварзиро ба намоиш бароварда, гурӯҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд.