image

Баргузории шанбегии дастаҷамъонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и ноҳияи Фирдавсӣ

date_range15.10.2022, 13:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye314

Баргузории шанбегӣ, дар шаҳраки 43-и ноҳияи Фирдавсӣ бо тоза намудани шафати роҳҳои марказӣ ва васеъи шаҳр, бартараф намудани партовҳои полиэтиленӣ аз ҷӯйборҳо, рӯбучини хазонбаргҳо, ва покизакориҳо дар атрофи хонаҳои истиқоматӣ дар сатҳи баланд ва рӯҳияи баланди шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ баргузор гардид.

Гуфтан ба маврид аст, ки сабзу хуррамгардонӣ, гулзору шодобкорӣ, зебову ободкории маҳал, кучаву хиёбон ва шаҳру деҳот аз анъанаи қадими мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Имрӯз ин анъанаи қадимиву таърихии тоҷикон таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода мешавад, ки намунаи олии он талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле назаррасу шоистаи ситоиш аст.

Бо истифода аз рӯзҳои истироҳати масъулину кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе шанбегии дастаҷамъонаро баҳри саҳм гузоштан дар корҳои ободониву зебоигардони доир намуд.

Дар шанбегии дастаҷамъи роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, кормандони Кумита, фаъолони ҲХДТ дар ноҳия ва кормандони касбу кори гуногун иштирок ва баҳри зебоии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе саҳми беназири хешро гузоштанд.