image

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - оғози эҳёи давлатдории миллии тоҷикон

date_range18.10.2022, 13:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye308

Дар доираи ҷашнгирӣ аз 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвонони “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - оғози эҳёи давлатдории миллии тоҷикон” ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлоли кишвар мебошад.

Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Бахшида ба ин сана дар кишвар аз ҷониби сохторҳои гуногун ҳамоишу чорабиниҳои илмӣ амалӣ доир гардида истодааст.

Бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамоиши илмию амалӣ ва адабӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - оғози эҳёи давлатдории миллии тоҷикон” бахшида ба 30-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ шуд.

Дар идома доир ба таърихи давлатдории миллӣ ва аҳамияти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт.