image

Оғози даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар Консерватория

date_range19.10.2022, 15:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye296

Дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман» оғоз гардид.

Дар ин озмун алоқамандон, дӯстдорони шеъру сухан ва тарона, ва ғолибони даври вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Дар даври ниҳоии озмун иштирокдорон аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, навозандагӣ ва копозиторӣ маҳорати хешро ба ҳайати ҳакамон нишон доданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» 316 нафар ғолибон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат иштирок менамоянд, ки аз ин теъдод 167 нафар сароянда, 131 нафар навозанда ва 18 нафар композитор (оҳангсоз) мебошанд.

Боиси қайд аст, ки озмун баҳри тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик дар се давра гузаронида мешавад, ки алакай даври ҷумҳуриявии он оғоз гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ғолибони озмуни ҷумхуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» дар фарҷом бо мукофотҳои пулӣ, диплому сипосномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи Озмун сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойи якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.