“Нақши вакилзанон дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи КИ Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши сиёсиву фарҳангии бонувони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Нақши вакилзанон дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баргузор намуд.
Дар ҳамоиши навбатӣ шахсони бонуфузи кишвар, вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони Ташкилоти ҷаъмиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ва дигар нафарони масъул иштирок ва суханрони намуданд.
Зимни ҳамоиш масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳяии Синои шаҳри Душанбе сухан карда зикр намуданд, ки баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар идома масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сухан карда иброз доштанд, ки ҳама пешрафту нумӯи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғоиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар идома иштирокдорони Иҷлосияи тақдирсоз ба сухан баромада қайд намуданд, ки дар ин ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монда, дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллари Иёлоти мутаҳидаи Амрико зарар расид.
Бояд гуфт, ки ҳама пешрафту нумӯи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғоиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ