Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба амалигардонии “Стратегияи муқовимат ба эктремизм ва тероризм дар ҶТ барои солҳои 2021-2025”, Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар ҶТ барои солҳои 2021-2030 муқовимат ба фаъолияти тахрибкории ташкилотҳои эктресмистӣ ва терористи, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, пешгирии радикализми динӣ, хурофот ва ифротгароӣ дар ҷомеа ва тарғибу ташвиқи омӯзиши илму дониш ва техникаву технологияи муосир, баланд бардоштани донишу маънавиёти ҷавонон ва талқини таҳамулпазирӣ дар байни омӯзгорон ва муҳасилини муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат вохӯрӣ доир гардид.
Зимни ҷамъомад Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ сухан карда иброз доштанд, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хафу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.
Инчунин дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба ҳассос будани вазъи ҷаҳон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баргардонидани афроди гумроҳ, решакан кардани экстремизм ва терроризм ва сабукиҳо дар қонунгузорӣ барои нафарони пушаймоншуда маълумоти муфассал доданд.
Инчунин дар идома вобаста Қонуни ҶТ дар бораи танзими анана ва ҷашну маросим дар ҶТ, пешгирии ҷавонон аз таҳсил дар донишгоҳҳои динии хориҷи кишвар тарғиби фарҳанги бегона ва дигар мазӯҳои мавриди таваҷҷуҳ дахл карда шуд.
Масъулини Донишгоҳ зимни баромади хеш баён дошт, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар барои иҷрои “Стратегияи муқовимат ба эктремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар ҶТ барои солҳои 2021-2030, баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ ва миллӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилгардидан ба ҳар хизбу ҳаракатҳои иртиҷои таваҷҷуҳи хосса зоҳир мамуда, пайваста дар донишгоҳ корҳои фаҳмондадиҳиро миёни донишҷӯён ба роҳ мемонад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ