Дар "Шаҳраки донишҷӯён" Фестивали ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид
Дар "Шаҳраки донишҷӯён" - и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фестивали ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил ва баргузор гардид.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва дар ҳамоҳангӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Занони хушбахт», Ташкилоти ҷамъияти «Пайравони Пешвои миллат», Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ташаккули фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷавонон», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рушди касбият ва шуғлнокии ҷавонон» ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Фестивали пешрафти мансабӣ дар касбу кор»-ро бо баргузории қисмати ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил ва баргузор намуд.
Чорабинии мазкур дар Шаҳраки Донишҷӯён-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ширкатҳои тиҷоратии муваффақи ватанӣ, ки дар соҳаҳои худ пешсаф ҳастанд, ба иштирокчиён оиди ҷойҳои кории холӣ, талаботҳо нисбати номзадон ва бастаҳои иҷтимоии худ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд ва ба суолҳои бамиёномадаи онҳо посух гардониданд.
Саодат Тоирӣ
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ