Ба муносибати 30 солагии Иҷлосия 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ доир шуд
Бо ширкати масъулини Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва 4 ноҳияи шаҳр, инчунин имомхатибони масҷидҳои ҳудуди шаҳр ҳамоиши маърифатӣ ба муносибати 30 солагии Иҷлосия 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст роҳбарияти Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба нақш ва аҳамияти Иҷлосияи тақдирсоз андешаҳои худро баён доштанд.
Ҳамзамон дар идомаи ҳамоиши маърифатӣ ва ҷашнӣ ба муносибати 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи "Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳким ва ташаккули ҳувияти миллӣ" баромад намуд.
Ҳаминтавр муҳимтарин масъалаҳои рушди давлатдорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими он баъди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш баррасӣ шуд.
Аз масъулони Иттиҳодияҳои динӣ ва ходимони масҷидҳои шаҳр даъват гардид, ки барои тақвияти ҳувияти миллӣ ва худшиносии ҷавонон саҳм гузоранд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ