“30-соли музаффариятҳо бо Пешвои миллат”. Дар шаҳри Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “30-соли музаффариятҳо бо Пешвои миллат” баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло сухан карда зикр намуд, ки маҳз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири миллати тоҷик ҳал шуда, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати тоҷик роҳи ояндаи неки худро оғоз намуд.
Сипас Мирзозода Иброҳим Холмурод иштирокчиёни ҳамоишро ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта қайд намуд, ки ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард.
Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада, зикр намуданд, ки дар ҳақиқат фаъолияти роҳбари давлатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пур аз қаҳрамониву ҷасоратмандӣ ва ватандориву ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳӣ буда, моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зиррак бошем ва ба давлату миллат софдилонаву содиқона хизмат намоем.
Таъкид гардид, ки мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, давлат обод шуд, сулҳу оромӣ, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат барқарор гардид.
Дар фарҷом ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, якчанд ҷавонони фаъоли ноҳия, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ