image

«Нақш ва мақоми менеҷменти инноватсионӣ дар таҳким ва рушди саноатикунонии мамлакат»

date_range28.10.2022, 19:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye307

Таҳти чунин унвон дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар пояи кафедраи менеҷменти Донишгоҳ ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни баргузории конфронси мазкур намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Институтҳои илмии кишвар, инчунин омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ иштироки фаъол намуданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ конфронси мазкурро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Исломбек Хоркашов оғоз намуда, зикр намуд, ки ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини саноатикунонии босуръати мамлакат, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ва ба ин васила дарёфти роҳу усулҳои таъмини раванди саноатикунонӣ дар кишвар аз манфиат холӣ нест.

Конфронси мазкур идомаи силсила тадбирандешиҳои роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад, ки дар самти саҳмгузорӣ дар ин раванд анҷом дода мешавад.

Дар идома гуфта шуд, ки чуноне Пешвои миллат дар ҳама баромадҳояшон зикр менамоянд «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву комуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».

Дар идома дигар иштирокдорон ба сухан баромада зикр намуданд, ки воқеан, сатҳ ва суръати рушди илмию технологии ҳар як давлатро имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии он нисбат ба амалисозии фаъолияте муайян мекунад, ки ба таъмини амалкарди илм ва технология ҳамчун системаи ягонаи алоқаманд ба истеҳсолот равона карда шудааст. Натиҷаи асосии ин фаъолият ба вуҷуд овардани донишҳои нави илмӣ ва амалисозии минбаъдаи онҳо дар технологияҳои нав ва ё маҳсулоти нави тавассути ин технологияҳо истеҳсолшуда мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории ин қабил ҳамоишу чорабиниҳо баҳри боз ҳам ҷалб намудани донишҷӯён барои омӯзиши илм ва инноватсия ва роҳандозии тадбирҳои навоварона мусоидат мекунад.