image

Даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" дар ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд

date_range31.10.2022, 13:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye306

Дар заминаи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ имрӯз дар ин ноҳияи шаҳр даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" баргузор шуд.

Дар ҷараёни озмун довталабон аз рӯйи 4 номинатсия маҳорати худро пешниҳод намуданд.

Ҳайати доварон, ки аз ҳисоби шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги кишвар ва масъулини сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ интихобот шудаанд, ба маҳорату малакаи ҳар як иштирокчии озмун баҳогузорӣ намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" дар ноҳияи Фирдавсӣ 372 нафар ширкат намуданд ва аз ин миён беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Ҷойи таъкид аст, ки ин озмун барои дастгирии эҷодкорони ҷавон бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташкил шудааст.