"Телевизиони Душанбе" кулли мардуми кишварро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният мегӯяд
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи кишвар самимона таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, хотирҷамъӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.
Албатта яке аз рамзи давлатдории мо ин Конститутсия мебошад, ки мардуми шарифи мо дар асоси рукнҳои он амал менамоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо иродаи олии халқи мамлакат қабул гардид, истиқлолияти ба дастомадаро заминаи ҳуқуқӣ бахшид ва дар таърихи давлатдории миллати кӯҳанбунёди мо саҳифаи тоза кушод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд, ки: «давоми солҳои амали ин санади бақою саодатбахш халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти худро дар ҳамаи соҳаҳо мушаххас гардонд ва ба дастовардҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардид».
Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамдиёрони азиз!
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ