Баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои наздик дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе чорабиниҳои ҷашнӣ идома дорад.
Дар ин замина дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и ноҳияи Шоҳмансур дар мавзуи «Иҷлосия ва аҳамияти таърихии он» машварат доир шуд.
Дар машварати роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 доир гашт, роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳия, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва устодону хонандагони муассиса иштирок намуданд.
Омӯзгорон дар суханронии худ бо хонандагон изҳор доштанд, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯйдоди таърихӣ собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоно буда, пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад.
Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад.
Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ он буд, ки дар марҳилаи навини таърихӣ шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ овард.
Дар чунин вазъи фоҷеабор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсати давлатдорӣ ворид гардида, бо эҳсоси баланди ватандорӣ — ҷасурона дар ин масири ноҳамвори сиёсӣ қадамҳои устувор гузошта, ба бунёди сохторҳои давлатдории миллӣ асос гузоштанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ