Баргузории мизи мудаввар ба истиқболи Рӯзи Президент ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади истиқболи сазовори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт ба тавсиб расидааст.
Дар заминаи он баргузории ҳамоишҳои гуногун дар корхонаву ташкилот ва муассисаву корхонаҳо идома дорад.
Бо мақсади иҷрои нишондоди нақша-чорабинӣ ин навбат дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ мизи мудаввар баргузор шуд, ки дар он намояндагони сохторҳои ноҳиявӣ ва кормандони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва олимону таърихшиносон ширкат намуданд.
Дар ин ҳамоиш бештар доир ба дастоварду комёбиҳои кишвар ширкатдорон баромад намуда, қайд карданд, ки ин ҳама аз заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Баромадкунандагон бо ибрози андешаҳои худ хизматҳои сарвари давлатро баён намуда, саҳми он касро дар таъмини сулҳу субот ва рушди кишвар махсус таъкид доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳо дар ҳудуди ноҳия ташкил карда мешавад.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ