image

"30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат" таҳти ин унвон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷавонон ҳамоиш доир гардид

date_range11.11.2022, 18:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye325

11-уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷавонон" ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони "30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат" бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт, кормандони масъули сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан", устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Қабл аз оғози ҳамоиш, иштирокчиён бо расмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, парчамҳои миллӣ ва ҳизбӣ бо роҳпаймоӣ ба макони ҳамоиш ҳозир шуданд.