image

ҚАДРДОНИИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

date_range14.11.2022, 13:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye431

14.11.2022.  ш.Душанбе. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, муштзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF (Федератсияи Байналмилалии Бокс), дастпарвари МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс”-и шаҳри Душанбе, Шавкат Раҳимовро ба ҳузур пазируфтанд.

Раиси шаҳри Душанбе ин варзишгарро барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF таҳният гуфта,   ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе, ба ӯ калиди хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахтро тақдим намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Шавкат Раҳимов санаи 5 ноябр дар шаҳри Абу Дабӣ-пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро мағлуб намуда, бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик, унвони қаҳрамонии IBF-ро соҳиб гашт.

Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар барои омодагӣ дидан ба мусобиқаҳои оянда дастурҳо дода, ба ӯ барору музаффарият таманно карданд.