image

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабир

date_range14.11.2022, 21:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye265

12-уми ноябр дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабир барномаи ҷолиби фарҳангии омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур баргузор шуд.

Дар чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори таҷлили сазовори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.

Масъулин дар баромади худ изҳор доштанд, ки дар воқеъ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ ва таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ, инчунин пайгирӣ намудани принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаасос заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санади тақдирсоз иброз намудаанд, ки «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид». Сипас барномаи фарҳангиву консертӣ манзури тамошобинон ва сокинону меҳмонони пойтахт, ки дар боғ сайру гашт менамуданд, гардонида шуд.

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ба барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Дар ҷараёни чорабинӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ масъулини соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои созанда бо Сипосномаву Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.