Мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Шоҳмот” ва “Шашка” байни наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро кафили солимии ҷомеа арзёбӣ менамоянд» таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ бо ибтикори Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Шоҳмот” ва “Шашка” байни наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар чорабинии варзишии доиргардида намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд. Тавре ташкилкунандагони мусобиқа иттилоъ доданд, чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани оммавияти намуди варзиши шоҳмот дар байни ҷавонон донишҷӯён ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, ки бозии шоҳмот барои рушди тафаккуру андеша ва қобилияти фикронии шахс мусоидат менамояд. Бо ин мақсад масъулон тасмим гирифтаанд, ки ин чорабинии варзиширо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир намуда, ғолибонро бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ намояд.
Дар идома ҳозирин иштирокдоронро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, вобаста ба нақш ва мақоми Иҷлосия дар таъмини сулҳу суботи сартосарии кишвар ибрози андеша карданд. Инчунин, қайд намуд, ки шоҳмот ё шатранҷ яке аз куҳантарин бозиҳост, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон ривоҷу шуҳрат дорад. Шатранҷ мусобиқаи зеҳнҳо ва навъе варзишии фикрист. Дониш, ҳуш, рой, ҳофиза ва диққат аносиреанд, ки барандаро дар ин бозӣ муайян мекунанд.
Бояд гуфт, мусобиқаи мазкур бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалигардонии вазифаҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ барои солҳои 2021-2027, тарғиби тарзи ҳайёти солим ва варзиш роҳандозӣ гардидааст.
Дар фароварди озмун ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қардонӣ гардиданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ