image

Корҳои профилактикӣ дар самти таъмини пайвастаи нерӯи барқ

date_range15.11.2022, 14:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye360

Дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини сокинон бо барқ аз ҷониби масъулони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Шабакаҳои тақсимоти барқ тадбирҳои сарвақтиро амалӣ менамоянд. Таъмиру азнавсозии истгоҳҳои барқӣ ва иваз кардани хатҳои интиқоли барқ барои бе мушкили паси сар намудани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 аз тадбирҳои муҳиму сарвақтие мебошанд, ки аз ҷониби кормандон анҷом дода мешаванд.

Дар шаҳри Душанбе тавассути 38 зеристгоҳи баландшиддати 35 ба 110 киловолта ба шаҳрвандон, иншооту корхонаҳои истеҳсолӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии нерӯи барқ таъмин карда мешавад.

Дар шаҳри Душанбе таҷҳизоти зиёда аз 10 зеристгоҳи баландшиддат иваз карда шуда чандин трансформатори фарсуда дар истгоҳҳои барқӣ низ пурра бо трансформаторҳои нав иваз карда шуданд, ки ба шаҳрвандон, иншооту корхонаҳои истеҳсолӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии нерӯи барқ бе ягон мушкилӣ таъмин карда мешавад.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз ҷониби масъулони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе бо мақсади бе мушкили гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар самти таъмини пайвастаи нерӯи барқ корҳои профилактикӣ анҷом дода шуда, симчӯби фарсуда бо симчӯбҳои нав ноқилҳои фарсуда ба ноқилҳои нав бо мақсади кам намудани талафоти барқ иваз карда шуда нуқтаҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ дар пойтахт аз санҷиши пурра гузаронида шудаанд ва корҳо дар ин самт идома дорад.

Ҷиҳати саривақт бартараф намудани мушкилиҳо дар самти таъмини нерӯи барқ ба сокинон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби кормандон гурӯҳҳои фаврии таъмирӣ таъсис дода шудааст ва ин гурӯҳҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.

Мақсади асосии масъулони Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе бо барқи хушсифат ва бе таваққуф таъмини муштариён ва ҳамзамон саривақт ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда мебошад.

Гуфта мешавад, сокинон низ дар истифодаи сарфакоронаву оқилонаи қувваи барқ масъулиятшиносӣ зоҳир карда, бештар дастгоҳҳои каммасрафи барқиро истифода намоянд.