image

Маросими хонадории 3 нафар аз оилаҳои ниёзманд баргузор карда шуд

date_range15.11.2022, 15:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye303
Дар доираи иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар кишвар пайваста дастгирӣ меёбанд.
Ва инак дар доираи баргузории 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, маросими хонадории 3 нафар аз оилаҳои ниёзманд баргузор карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ташаббусҳои иҷтимоии роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чунин тадбирҳо ҳамасола мавриди амал қарор дода шуда, роҳандозӣ намудани ин иқдом дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа ва зоҳир намудани ғамхорӣ нисбат ба онҳо мебошад.