image

Баргузории чорабинии фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «МТМУ №12-и ноҳияи И.Сомонӣ»

date_range15.11.2022, 15:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye230

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идона ва ҷашнӣ оро дода буд, устодону хонандагон ба ҳам омада, як чорабинии илмӣ-фарҳангиро оид ба заҳматҳои шоёни сарвари давлат баромад намуданд.

Дар чорабинии фарҳангӣ қайд гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо бояд ҳамасола бошукуҳ қайд намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштанд.

Таъкид гардид, ки аз рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуда, заминаи сулҳи миллиро матраҳ карданд.

Дар охири чорабинии фарҳангӣ хонандагон бо қироати шеъру суруд аҳли толорро шод намуданд.