«Ҷони миллат». Зери ин унвон дар Коллеҷи техникӣ чорабинии фарҳангӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷони миллат» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд.
Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо бояд ҳамасола бо шукуҳ қайд намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштанд.
Инчунин зимни баромади иштирокчиён қайд карда шуд, ки саҳми Пешвои миллат дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, муттаҳиддии миллат, ҳифзи давлат, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, зинда гардонидани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, муаррифии арзандаи Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, роҳбари оқилона дар моварои бӯҳронҳои ҷаҳонӣ тақдирсозу арзанда ва муваффақияташон махсусан таъкид гардид.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати тоҷик дар симои шахсияти таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти ваҳдатофариро ато карда, ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи масъулин ба омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи сипосномаҳо тақдим гардонида шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ