image

Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили сазовори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои кушод” эълон намудааст

date_range17.11.2022, 14:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye279

Ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бора рӯзҳои ид» шурӯъ аз соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр - Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Зеро, 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марсими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори МД «Осорхонаи миллӣ» буда, бинои нави онро рӯзи 20 марти соли 2013 расман ифтитоҳ намудааст. Дар ин муддат Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои фароҳам овардашуда, ба дастовардҳои зиёде ноил гаштааст, ки ҳамаи онҳо аз сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Дар ин робита дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи дарҳои кушод ташкил гардид, ки дар он тамошобинон ба таври ройгон аз ҳама толорҳои намоишии осорхона дидан намуданд.

Зимнан бори нахуст дар ин мусаввараи офаридаи рассом Вафо Назаров, ки симои Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар манзараи нерӯгоҳи барқии обии Норак тасвир намудааст ва ба тозагӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардидааст, ба намоиш гузошта буд. Инчунин тамошобинон метавонанд аз намоиши муввақатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ифтитоҳ гардидааст, тамошо намоянд.