image

Рӯнамоии китоби “Дурдона” ва маҳфили эҷодиии Сироҷиддин Ҷӯраев

date_range18.11.2022, 13:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye360

Дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов рӯнамоии китоби "Дурдона" ва маҳфили эҷодиии барандаи ҷоизаи байналмилалии “Гремми”, оҳангсоз, мутриби чирадаст, омӯзгори калони кафедраи мутрибони анъанавӣ Сироҷиддин Ҷӯраев доир гардид.

Дар маҳфили эҷодӣ ҳунармандон, олимони илму адаб ва дӯстдорони санъати мусиқӣ иштирок доштанд. Маҳфили эҷодӣ бо сухани ифтитоҳии ноиби ректори консерватория оид ба таълим Каримзода Саъдулло оғоз гардид.

Сипас, баромадкунандагон доир ба аҳамияти китоби “Дурдона” барои таълимгирандагони мактабҳои ҳунар, мутахассисони ояндаи соҳаи санъати мусиқии тоҷик ва ҳамчунин дар бораи ҳунару маҳорати устод ибрози андеша карданд.

Тавре гуфта шуд, имрӯз ҳунармандони асил насли наврасу ҷавонро дар руҳияи худшиносию худогоҳи ва аз худ кардани ҳунарҳои гуногун тарбия менамоянд.

Сироҷиддин Ҷураев низ аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки дар рушду такомул додани санъати мусиқӣ саҳми арзанда дорад ва шогирдони зиёдеро дар ин ҷода даст гирифтаасту имрӯз низ нозукиҳои санъати мусиқиро ба онҳо меомӯзонад.

Дар идома барномаи консертии эҷодии Сироҷиддин Ҷӯраев бо ҳамроҳии мутрибони Ансамбли “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов пешниҳоди ҳозирин гардид.