Маҳфили адабии Маҳмадулло Лутфулло дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хотири солгарди академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, Профессор Лутфуллозода Муҳамаддулло таҳти унвони “Устоди аввалини мову Шумо” мизи мудаввар доир гардид.
Дар маҳфили мазкур олимону донишмандони ҷумҳурӣ ва коршиносон иштирок намуданд ва доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод Маҳмадулло Лутфулло андешаронӣ карданд.
Тавре гуфта шуд, Маҳмадулло Лутфулло дар давраи муташанниҷи вазъи ҷомеа, замоне, ки дар радифи соҳибистиқлолии комили сиёсии кишвар бояд мактабдории миллӣ низ соҳибистиқлол мешуд, ба халқу миллати тоҷик, ба давлати тоҷик хидмати абаролимонаро ба уҳда гирифт. Ӯ ҳамчун олими шинохтаи педагог дар коркарди муҳимтарин асноди давлатии соҳаи маорифу мактабдорӣ саҳми арзанда ва таърихӣ гузошта, маҷрои эъмор ва рушди минбаъдаи онро муайян намуд.
Мавсуф дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии маълумот», «Консепсияи миллии тарбия», «Консепсияи мактаби миллӣ», «Стандарти давлатии маълумот» ва монанди инҳо ҳарфи аввалро гуфтааст.
Иброз гардид, ки Муҳаммад Лутфуллозода ба аксари ҳамватанони мо, бахусус, кулли ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳаққи устодӣ дорад, зеро ҳамаи онҳо нахустин ҳарфу ҳиҷоро маҳз аз «Алифбо»-и таълифнамудаи эшон омӯхтаанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ