Даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм-Фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии Озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” бо муаррифии шартҳо ва чи гуна гузаронидани даври ниҳоии он бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату идораҳо дахлдор, ва довталабони даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур доир гардид.
Даври ҷумҳуриявии Озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муаррифии шартҳои он оғоз гардид, ки он то санаи 24-уми ноябри соли равон идома меяёбад.
Дар маросими кушодашавии даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён доир ба дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сухан карда, ба иштирокчиён дар даври ниҳоии озмун муваффақият таманно намуд.
Сипас, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ сухан карда иброз дошт, ки озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот гузаронида мешавад. Дар даври ҷумҳуриявии озмун 372 нафар довталаб аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар, ки дар даври вилоятиву ноҳияви ба даври ҷумҳуриявии роҳхат гирифтаанд иштирок намуданд.
Озмуни мазкур аз рӯи 7 номинатсия математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гӯзаронида мешавад.
Боиси қайд аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифаи” бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз рӯи ҳар як номинатсия дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ