image

Чорабинии маърифатӣ ба муносибати Рӯзи Парчам дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

date_range22.11.2022, 16:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye270

Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ баргузор шуд.

Омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаи таълимии олии мамлакат ифтихору хурсандӣ аз он доранд, ки зери Парчами давлатӣ ва сулҳу суботи сартосарии кишвар дар чунин шароити созгор фаъолият доранд. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арчгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Парчами миллии Тоҷикистон имрӯз дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ барафрохта шудааст, ки ифтихори ҳар яки мо мебошад. Эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад.

Дар ин баробар мусобиқаҳои варзишӣ низ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ташкилу баргузор шуд. Зеро дар ин таълимгоҳи олии мамлакат парчамбардорони ватани маҳбубамон омода карда мешаванд ва саҳми омӯзгорону масъулини он низ дар ин самт назаррас мебошад.

Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдату ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Аз ин рӯ масъулини донишкада бо ташкили чорабиниҳои маърифатӣ ин санаи пурифтихоро ҷашн гирифтанд.