image

Баргузории Рӯзи Парчами давлатӣ дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

date_range23.11.2022, 10:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye303

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар Муассисаи давлатии Коллеҷти тиббии ҷумҳуриявӣ ба муносибати таҷлили сазовор аз ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона доир гашт.

Дар ҳамош роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш масъулин изҳор доштанд, ки Парчам аз рӯзи қабул дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд. 

Таъкид шуд, ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, «мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами миллат ба ҳам омаданд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд. Давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт».

Дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ низ пешкаш гардид.