image

«Парчами давлатӣ-рамзи соҳибдавлатию соҳибихтиёрии миллати тоҷик». Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

date_range23.11.2022, 11:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye275

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ-рамзи соҳибдавлатию соҳибихтиёрии миллати тоҷик» баргузор шуд.

Дар конференсия роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ширкат варзиданд.

Зимни баромади худ маърузачиён қайд намуданд, ки ҳаннӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.