image

Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Сино

date_range23.11.2022, 12:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye316

Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Ин нукта зимни маҷлиси тантанавии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир шуд, баён гардид.

Маърузачиён изҳор доштанд, ки аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон, арҷ гузоштан ба парчаму парчамдории миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеаамон табдил диҳем.

Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин олимону коршиносон низ иштирок ва баромад намуда, аз муқаддас будани Парчами давлатӣ барои миллати тоҷик ҳарф зада, таъкид намуданд, ки эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди аҳли нишаст шуд.