image

Ҳайати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба Узбекистон сафар намуд

date_range23.11.2022, 21:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye258

Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) бо роҳбарии Раиси Иттифоқ Зинатуллоҳ Исмоилзода ба Узбекистон аз 23 то 27 ноябр сурат мегирад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ИЖТ.

«Сафари мазкур бо даъвати Иттифоқи журналистони Узбекистон доир гардида, зимни он дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро мулоқоту суҳбатҳо бо ҳампешагон дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин боздид аз корхонаҳои саноатӣ ва Минтақаи озоди иқтисодии Ургут дар назар аст. Дар баробари ин меҳмонон аз маконҳои сайёҳии Узбекистон низ боздид менамоянд»,- гуфт Раиси ИЖТ Зинатуллоҳ Исмоилзода.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз соли 2018 дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст. Бо шарофати сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо рӯ ба беҳбудӣ оварданд. Моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд Созишномаи ҳамкорӣ миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Узбекистон ба имзо расид. Дар асоси он 12-16 октябри соли 2022 ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ба ҷумҳурии мо ташриф оварда, таҳти роҳбарии раиси Иттифоқи журналистони Узбекистон Олимҷон Усаров дар зарфи панҷ рӯз бо дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода шинос гардид.

Рӯзноманигорони узбек бо ҳампешагони тоҷики худ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд вохӯриҳои судманд доштанд.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба Узбекистон панҷ рӯз давом мекунад.