Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муовини якуми Раиси ноҳия, муовинон, кормандони мақомоти иҷроия ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғози ҳамоиш роҳбарияти ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе баромад намуда, зимнан ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни фархунда самимона табрику таҳният гуфта, ба таври муфассал перомуни ин рукни муқаддаси давлатдорӣ, нақши Парчам дар муаррифӣ ва эътироф гардидани давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон дар ҷаҳон, саҳми беназири Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робитаи ба таҳия ва қабули ин рамзи давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи комили сиёсӣ, ободию шукуфоӣ ва рушду инкишофи мамлакат суханронӣ намуд.
Сипас, аз рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуда, ба аъзои Комиссияи даъват, раисони шаҳраку маҳаллаҳое, ки дар рафти даъват натиҷаи назаррас нишон доданд, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия бо Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир барномаи фарҳангиву фароғатии омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки аз суруду таронаҳо дар ситоиши Парчам, Ватан, Истиқлолият ва рақсҳои ҷолибу дилнишин иборат буд, пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд, ки ба ҷамъомад шаҳомату шукӯҳи тоза зам намуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ