Маросими қадрдонии ғолибони Озмуни “Ҳунармандӣ-омили мустаҳкамии оила” дар шаҳри Душанбе
“Ҳунармандӣ-омили мустаҳкамии оила” таҳти чунин унвон миёни занону бонувони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди пойтахт озмуни беҳтарин маҳсулоти дастии тавлидшудаи хонаводагӣ ташкилу роҳандозӣ шуд.
Озмуни мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26-уми июли соли 2021 тасдиқ гардидааст ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид.
Даври шаҳрии озмун, ки ба он 6 нафар ҳунармандон роҳхат ёфтанд, дар Маркази таълимӣ-касбомӯзии Эҳёи ҳунар баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва ҳунармандон иштирок доштанд.
Дар озмун маҳсули ҳунарҳои дастии ҳунармандон, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, кӯрпадӯзӣ, дуредгарӣ, қуроқдӯзӣ, дӯзандагӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, рубобсозӣ, ва доирасозӣ намоиш дода шуда, ҳунармандон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ