image

ТАҶЛИЛИ БОТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

date_range24.11.2022, 18:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye280

шаҳри Душанбе, 24.11.2022 - Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи ҳувияти миллӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, донишҷӯёни макотиби олӣ, сокинони сарбаланди пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд. 

Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Қабул гардидани Парчами давлатӣ дар давраи бисёр ҳассосу мураккаби таърихӣ барои миллати тоҷик, ҷиҳати бунёди пояҳои давлати соҳибистиқлол аҳамияти калидӣ дошта, аз нахустин кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сарҷамъии миллат ва рафъи хатари паррокандагии он ба ҳисоб меравад. 

Парчами Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, қабул шуд ва пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод кардаанд ва имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст. 

Парчами давлатӣ бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни мардуми мо аст. Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон пас аз ба истиқлоли давлатӣ расидан Парчами худро дар соли 1992 қабул намуд. 

Парчам барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши хеле бузург дошта, далели давлати соҳибихтиёри тоҷикон аст ва хушбахтона, имрӯз кулли ҷавонон ба ин рукни муҳими давлатдорӣ эҳтироми хоса доранд. 

Дар роҳпаймоии идонаи имрӯза ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ зиёда аз 10 000 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, варзишгарон ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе иштирок намуданд. 

Ҳамин гуна иштирокчиёни паради идона ва роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони баргузории чорабинии тантанавӣ-майдони Парчами давлатӣ расиданд. 

Парчами миллӣ бар фарози иншооти азим, ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо барафрохта шуда, солҳои охир дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо майдони парчам бунёд гардиданд. 

Дар оғоз ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода суханронӣ намуда, тамоми сокинони кишварро бо ин санаи муҳиму таърихӣ - 30-юмин солгарди қабули Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуданд. 

“Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд”- қайд гадид дар баромад. 

Дар идома барномаи зебои фарҳангии аҳли ҳунар ва санъат пешниҳоди иштирокчиёни паради идона ва роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ гардонида шуд. 

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ин эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, мебошад.