image

“Парчамат эй Тоҷикистон, то абад бодо парафшон”

date_range25.11.2022, 14:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye319

Бахшида ба таҷлили сазовор аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и ноҳияи Сино машғулияти тарбиявӣ зери унвони “Парчамат эй Тоҷикистон, то абад бодо парафшон” бо тантана доир гардид. 

Машғулиятҳо баҳри дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли наврас ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ташкилу роҳандозӣ шудааст.

Дар рафти машғулият хонандагони синфҳои ибтидоӣ вобаста ба пойдории давлат, арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар шеъру таронаҳо қироат карданд.

Хонандагони ин муассиса бо руҳияи болида ҳамасола Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.

Ҳамин тавр машғулият бо суруду таронаҳо дар васфи парчам ва Ваҳдату ягонагӣ идома кард.