image

Дар "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и шаҳри Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ доир шуд

date_range26.11.2022, 16:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye296

Дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ дар Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и шаҳри Душанбе доир гардид.

Барои сарсабзу хуррам нигоҳ доштани кӯчабоғу хиёбонҳо ва маҳаллаҳо дар навоҳии пойтахт маъракаи шинонидани гулу дарахтон ва интихоб намудани ҷойҳои махсус барои шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешсабз корҳои омодагӣ гузаронида шуд.

Субҳи имрӯз Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе бо кормандони МД «Боғи Ғалаба» корҳои ободониро дар талу теппаҳое ки дар тобеияти МД "Боғи Ғалаба" ва нигоҳдории ҷангал"-и шаҳри Душанбе мебошад, шурӯъ намуданд.

Ҳар як дарахте, ки дар ин мавзеъҳо шинонида мешавад, шахси вобасташуда дар атрофи гузоштан ва нигоҳубини дарахтон омода мебошад, ки чи гуна шинонида шавад.

Бояд гуфт, ки аллакай қисме аз кормандон ба шинонидани дарахтони ороишӣ шурӯъ намуданд.

Дар доираи дастуру супориши Раиси шаҳри  Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба "Шаҳри Сабз" табдил додани пойтахтамон шаҳри Душанбе корҳои омодагӣ дар навоҳии пойтахтамон шаҳри Душанбе ҷараён гирифтааст.

Имрӯз тибқи нақша зиёда аз 2000 ниҳол шинонида шуд.