image

Даври ниҳоии «Озмуни китобхонӣ» дар Коллеҷи техникӣ

date_range28.11.2022, 14:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye316

Бо мақсади тақвияти китобхонии донишҷӯён ва ҷалби бештари онҳо ба озмунҳои соҳавӣ пайваста тадбирҳои самаровар амалӣ мегардад.

Дар робита ба ин дар Колеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ин навбат байни донишҷуён озмуни китобхонӣ ташкил шуд.

Дар раванди баргузории тадбири маърифатӣ доир ба хондани асарҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёни коллеҷ фаъолона ширкат намуданд.

Даври аввали ин озмун нахуст дар курсҳои таълимии муассиса гузаронида шуд. Даври дуюм бошад, миёни факулелтҳои ин таълимгоҳи ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар ин ду давр донишҷӯёни фаъол ширкат намуданд ва барои ба даст овардани ғолибият ва роҳхат гирифтанд дар давраҳои минбаъда талош карданд.

Дар даври муассисавии озмун аз миёни ҳамаи факултаҳои коллеҷ 40 нафар ширкат намуданд. Ҳайати ҳакамони озмун аз рӯйи низомнома ва шартҳои озмун довталабони ин даврро санҷида, баҳои сазоворро ба онҳо гузоштанд.