“Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик”. Муаррифии китоби тозанашр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таҳқиқоти стратегия назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони олиқадр муаррифии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» баргузор гардид.
Дар рафти баргузории муаррифии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кумитаву сохторҳои давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии хеш ҳозирин иброз доштанд, ки китоби мазкур ба фаъолияти пурсамар ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Оғози фаъолияти ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ ҳамчун Сардори Давлат аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он таърихи пурғановати мардуми сарбаланди кишварро, ки бунёдкориву созандагӣ асоси зиндагии онҳост инъикос менамояд.
Боиси қайд аст, ки дар китоби мазкур 40 мақолаи донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ, ки ифодагари корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии мардуми Тоҷикистон мебошад, дарҷ гардидааст.
Ҳозирин зимни баромади хеш таъкид доштанд, ки вақте сухан аз истиқлолияту соҳибихтиёрӣ меравад, мо бояд ин пайроҳаи 31 солаи тайкардаи мамлакатро тавъам бо кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ менамоем ва онро ба риштаи таҳқиқ кашем.
Маврид ба зикр аст, ки китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» аз ҷониби Нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд рӯйи чоп омада ба истиқболи 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ