image

Мулоқот бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range29.11.2022, 15:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye301

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот бо хонандагони ин муассисаи таълимӣ доир карда шуд.

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоти намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо падару модарон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ доир гардид.

Вохӯрии навбатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштаркаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида, инчунин доир ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Дар мулоқот намояндагони Суди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бахши кор бо занону ва оила, маориф ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ давоми соли 2022 дар ҳудуди маҳаллаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Дар мулоқот роҳбарият ва намояндагони Суд ва Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин бахши занон ва оила, фарҳанг ва дигар сохторҳои ноҳия иштирок намуда, миёни хонандагон вобаста ба мавзуъҳои муҳимтарини мубрами рӯз маърӯза намуданд.