image

Баргузории ҳамоиши илмию назариявӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

date_range30.11.2022, 11:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye261

«Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳамчун таҳдиди воқеӣ ба амнияти миллӣ» - ҳамоиши илмию назариявӣ мутахассисону коршиносон ва ҷомеашиносонро дар шаҳри Душанбе ба ҳам овард.

Дар доираи ҳамоиши имлӣ – назариявӣ, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифт, иштирокчиён атрофи паҳлӯҳои мавзӯъ табодули афкор намуда, роҳу усулҳои пешгирӣ аз ин таҳдидро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамоиши илмӣ – назариявии «Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳамчун таҳдиди воқеӣ ба амнияти миллӣ» бо ибтикори Кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ташкилу баргузор гардида, ҳадаф аз он пешгирӣ аз таҳдидҳои глобалии замони муосир, аз ҷумла терроримзу экстремизм ба суботу оромии ҷомеа арзёбӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки агарчи Интернет дастоварди инсоният маҳсуб ёбад ҳам, вале имрӯз баробари манфиат ба ҷомеа, гурӯҳҳои террориству экстремистӣ аз он ҳамчун васила тарғибу ташфиқи андешаҳои тундгароёнаи хеш бештар истифода мекунанд.

Иштирокчиёни ҳамоиш зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеаро аз роҳу василаҳои муассири истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва пешгирӣ аз таҳдидҳои он ба амнияти миллӣ маънидод карданд.

Дар доираи ин ҳамоиш иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои «Заминаҳои пайдоиш ва пайомадҳои манфии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ», «Тарғибу ташвиқи идеологияи ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири тахрибкоронаи онҳо ба шуури ҷавонон», «Шабакаҳои иҷтимоӣ – ҷабҳаи нави набардҳо дар ҷангҳои иттилоотӣ» ва ғайра маърӯзахо пешниҳод гардида, фикру мулоҳизаҳои судманд ироа карда шуд.