image

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал»

date_range03.12.2022, 14:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye360

Бо ҷонибдорӣ аз дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамдастӣ бо сохторҳои худ дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» маъракаи ниҳолшинониро доир намуд.

Дар пайи тадбирандешиҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар роҳи таъмини муҳити тозаи экологӣ тавассути шинонидану парвариш кардани гулу дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, хусусан туфайли муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «Шаҳри гулрез» табдил додани шаҳри Душанбе, дар пойтахти мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад.

Дар ин замина аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии норҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид маъракаи ниҳолшинонӣ ва гулшинонӣ доир гардид.

Дар ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ва кормандони ин ниҳод фаъолона иштирок намуданд. Дар асоси нақшаи чорбаниҳои созандагиву ободкорӣ аз ҷониби кормандон дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» шумораи зиёди ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд.

Бояд гуфт, ки ҳоло сокинони пойтахт ва кормандони касбу кори гуногун бо нишони ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо, мутташакилона ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайвастаанд.

Зимни суҳбат бо мо масъулини Раёсати истифодбараии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ иттилоъ доданд, ки ҳудуди вобастагардидаи Муассисаи давлатии “Боғи ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” мувофиқи нақша то охири мавсими ниҳолшинонӣ пурра минтақаҳои сабзазоршаванда бо гулу дарахтони ороишӣ таъмин менамоянд. Бунёди мавзеъҳои сабзазор ва шинонидани навъҳои гуногуни дарахтони ороишию ҳамешасабз дар пойтахт ҳамасола роҳандозӣ карда мешавад. Зеро нашъунамои хуби дарахтон дар шаҳр боиси беҳтар гардидани фазои экологӣ ва тозагии муҳити атроф мебошад.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ наздики 300 нафар кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона иштирок намуданд.