image

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

date_range08.12.2022, 12:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye257

Дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, ки ҳамасола 9-уми декабр дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад дар толори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе таҳти унвони “Коррупсия-падидаи номатлуби ҷомеа” мизи мудаввар доир гардид.

Чорабинии навбатиро масъулини коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда иброз доштанд, ки шаклҳои коррупсия дар ҳар давру замон хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар сурат онҳо аз порагирӣ то суиистифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонид. Бо ин роҳ зуҳуроти коррупсионӣ эътимоди шаҳрвандонро ба адолат ва қобилияти давлатро дар ҳимояи ҳуқуқҳо ва таъмини манфиатҳои қонунии аҳолӣ халалдор менамуд.

Таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кушиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.

Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада қайд карданд, ки фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Дар навбати худ 9 декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика дар конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии ин санади муҳим баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварад ва садди роҳи коррупсия гирифта шавад.