image

Имтиҳони назариявии иштирокчиёни Озмуни шаҳрии «Мурабии сол-2022» дар ҳузури ҳайати ҳакамон

date_range15.12.2022, 11:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye243

Тавре ки қабалан иттилоъ дода будем, дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни «Мураббии сол-2022» ҷараён дорад. Дар ин замина иштирокчиёни он имрӯз дар ҳузури ҳайати ҳакамон ба таври назариявӣ ба суолҳо посух доданд.

Пас аз ошноӣ бо довталабон ва фаъолияти онҳо, дар толори Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе довталабони Озмуни шаҳрии «Мурабии сол-2022» ба ҳам омада, бо ҳайати комиссияи шаҳрии озмун вохӯрданд. Ҳайати комиссия маротибаи дигар бо довталабон ҳамсуҳбат гардида, ба онҳо суолҳое, ки аз ҷониби раиси Комиссияи шаҳрии озмуни «Мурабби сол-2022» омода гардида буд, дар намудаи лифофа пешниҳод карда шуд. Ба мураббиёни муассисаҳои таълимӣ, ки довталабони даври шаҳрии озмун мебошанд, 45 дақиқа вақт дода шуд, то суолҳоро ба таври мухтасар посух гардонанд.

Бояд қайд кард, ки озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонидани мураббиёни фаъоли муассисаҳои таълимии томактабӣ, дастгирии моддӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри инкишофи рағбати мураббиён ба ташаббускорию эҷодкорӣ ва тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарин дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи низомномаҳои озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе» доир гардида истодааст.

Дар кишвари мо ба мақому манзалати омӯзгор ва мураббӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, имрӯз ҳамагон дар симои мураббӣ шахсияти тарбиятгар ва роҳнамову роҳкушои роҳи рост ба сӯи илму маърифатро мебинанд.

Пас аз хулосаи аъзои ҳакамон ғолиби Озмуни шаҳрии «Мураббии сол-2022» муайян гардида, ғолиб аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шароити тантанавӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардонида мешавад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"