image

Вохӯрии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

date_range20.12.2022, 10:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye217

Дар толори Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст” ҷаласаи навбатии аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар он аъзои Шӯро, нозирони минтақавии милитсия ва фаъолони ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи мазкур иштирокчиён оид ба раванди ислоҳоти милитсия ва ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум ва дар ин замина баланд гардидани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия изҳори назар намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҷамъомади навбатӣ масъулин сухан карда, оид ба аҳамияти таваҷҷӯҳи чомеаи шаҳрвандӣ ба рафти ислоҳоти мақомоти милитсия ва беҳтар намудани фаъолияти он сухан намуда, изҳор доштанд, ки таъсири ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули ислоҳот ва баланд бардоштани касбияти фаъолияти корманди мақомоти милитсия муҳим мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳар семоҳа нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ ҳисобот медиҳанд. Ин ҳисоботҳо ба шарҳу баёни вазъи ҷинояткорӣ дар минтақаи хизматӣ маҳдуд нагардида, инчунин дар суҳбату мулоқотҳо фикру андеша ва пешниҳодҳои аҳолӣ ба назар гирифта шуда, аз ҷониби кормандони милитсия мавриди таҳлилу омӯзиш қарор мегиранд.

Маврид ба зкир аст, ки Шӯрои мазкур дар баробари нозирони минтақави инчунин бо кормандону масъулини Шуъбаҳои бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт низ баҳри қоидавайронкуниҳои роҳу нақлиёт, риоя нагардидани аломатҳои роҳ, гузаштан аз ҷойҳои номуайяни роҳ ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳамкориро бароҳ мондааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ин ҷамъомад нозирони минтақахои 12, 17, 29 ва 30 ноҳияи Фирдавсӣ инчунин корманди Шӯъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти хеш ҳисобот доданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"