image

ИҶЛОСИЯИ ДУВОЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

date_range22.12.2022, 19:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye370

ш.Душанбе. 22.12.2022. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.

   Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

   Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

   Сипас, тибқи рӯзнома лоиҳаи буҷети шаҳр барои соли 2023 ва тасдиқи иҷрои буҷет дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо шунидани ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе вакилон онро қабул ва тасдиқ намуданд.

   Раиси шаҳр вобаста ба иҷрои нақшаи буҷет ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва кам намудани бақияпулиҳои андозӣ ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.  

Вакилон дар идома ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ва иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомотро муҳокима намуда, вобаста ба он ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.  

   Раиси шаҳр ба Муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳаи нақлиёт якҷо бо шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои татбиқи барномаи мазкур ва дар доираи он таҳия ва пешниҳод намудани Консепсияи ба низоми барқӣ гузаштани нақлиёти мусофиркашонии пойтахт ва ба ин васила таъмини бехатарии экологии пойтахт бо истифода аз «Энергияи сабз» дастурҳо доданд.

   Ҳамчунин масъулин муваззаф гардиданд, ки дар якҷоягӣ бо корхонаҳои нақлиётӣ бо ҷалби сармоя ва шарикони рушд дар давоми солҳои минбаъда ҷиҳати ворид намудани нақлиёти барқӣ ва пурра аз нав кардани паркҳои нақлиёти хусусӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар, самаранок ҷорӣ намудани нақшаи гардиши нақлиётҳо, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти терминалаҳои мусофирбарӣ дар назди даромадгоҳҳои пойтахт, пешгирӣ намудани сабқатҳо миёни ронандагони нақлиёти мусофирбарӣ, пешгирии тамбашавии воситаҳои нақлиёт, коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ, ба танзим даровардани нақлиёти мусофиркашашии таксӣ ва дуруст муайян кардани квотаҳо, омодагии корхонаҳои нақлиётии шаҳр ба зимистонгузаронӣ, супоришҳои мушаххас доданд.

   Сипас суханронии Раиси шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2022 шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2023 муайян карда шуданд. 

Ба муовини якум, муовинон, раисони ноҳияҳои шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор вазифаҳо гузошта шуд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатӣ, босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом додани корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмиру азнавсозии бинову иншоотҳо ва бо риояи қатъии қоидаҳои шаҳрсозӣ бунёд намудани биною иншоотҳо ҷораҳои амалӣ андешанд.

   Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки барои таъмини риояи қатъии қоидаҳои шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди биною иншоотҳо, барқарор намудани роҳҳои дохили маҳаллаҳо, тақвият бахшидани фаъолияти комиссияи давлатии қабули иншоотҳо, ба анҷом расонидани бунёди муассисаҳои томактабиву миёнаи умумӣ ва меҳмонхонаҳо, таъмини сокинон бо хизматрасониҳои хуби клммуналӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

   Муҳтарам Раиси шаҳр супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, ба роҳ мондани усулҳои нави таълим, тарғиби китобхонӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, иҷрои саривақтию босифати барномаҳои соҳаи тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

   Ҳамчунин зикр гардид, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми кишвар саноаткунонии босуръат дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” барои дастгирии давлатии корхонаҳои ватаниву соҳибкорони инфиродӣ, солимгардонии корхонаҳои истеҳсолии аз фаъолият бозмонда, ҷалби сармоя ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои наве, ки ба истеҳсоли молу маҳсулоти ниёзи аввалия ва ба содирот нигаронида шудаанд, инчунин роҳандозии ҳамкории густурда бо соҳибкорон ҷиҳати зиёд намудани ҷойҳои кории нав, таъмини сокинон бо энергияи гармӣ ва нерӯи барқ, ҷалби занону духтарони ҳунарманд ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

   Ҷиҳати ободу зебо гардидани пойтахт ва тақвият бахшидани маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҷалби сокинони пойтахт, инчунин шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, тозаю озода нигоҳ доштани боғу гулгаштҳои ҳудуди пойтахт, ба миқдори зарурӣ захира ва парвариш намудани гулҳои мавсимию ҳархела ва саривақт баровардани партовҳои маишӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.  

   Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

   Дар охир Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кулли сокинони пойтахтро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоиро орзу намуданд.

   Бо ҳамин иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.