Баргузории Анҷумани XV филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Дар ин рӯз бо ибтикори филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки шумораи зиёди ҷавонони фаъол ва аъзоёни фаъоли Иттифоқ Анҷумани XV филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе доир шуд.
Зимни ҳисоботи навбатии хеш Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони ноҳияи Фирдавсӣ қайд намуд, ки филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар фармону қарорҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар роҳандозӣ мегардад фаъолияти худро ба роҳ монда, дар самти пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва рушду инкишофи тарбияи ҷисмониву варзиш як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Қайд гардид, ки дар ин давра бо мақсади такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ба ин васила мутобиқ намудани онҳо ба талаботи замони муосир қарорҳои дахлдори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе омодаву тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шуданд, аз ҷумла: «Дар бораи иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар ноҳияи Фирдавсӣ», «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди футбол дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 - 2026», “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026”, «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026» ба тасвиб расиддаст, ки раванди татбиқ ва амалишавии онҳо аз ҷониби масъулини соҳа, Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия ва сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ ба роҳ монда шудааст.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ