image

Идомаи вохӯриҳои намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе дар КВД «Обу корези Душанбе»

date_range13.01.2023, 20:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye304

Дар идомаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманд, ки аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони сохторҳои гуногуни пойтахт доир гардида истодааст, ин навбат вохурии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо роҳбарият ва кормандони КВД «Обу корези Душанбе» баргузор шуд.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар, алалхусус наврасону ҷавонон маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад, - таъкид гардид зимни суханронии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода дар мулокот бо кормандони КВД «Обу корези Душанбе».

Мавсуф дар идомаи суханронии хеш саҳми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафти ободию шукуфоии кишвар, дастгирию ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон, маъюбону барҷомондагон ва дигар қишри ҷомеа ёдовар шуда, ҳозиринро, баҳри содиқ будан ба кору пайкорашон, даъват намудани аҳли ҷомеа ба илмомӯзӣ, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ даъват намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, густариши фазои инноватсионӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои асосии Паём, қабули пешниҳоди ҷониби ҶТ оид ба қатъномаи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид инчунин зиёд гардидани маоши ҳадди ақал ва нафақаи ятимону маъюбон ба хозирин шарҳ дода шуд.

Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада зикр намуданд, ки сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои муҳиму созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.